Тоқаев ба Раҳмон муовини тоҷикашро муаррифӣ кард - акс

Раисҷумҳури Қазоқистон ба кишвардори Тоҷикистон зимни сафари кориаш ду тоҷики бонуфузеро, ки дар ин кишвар муваффақ шудаанд шинос кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Зимни сафараш ба Остона раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҷамъияти тоҷикони муқими Қазоқистон вохурӣ баргузор кард.
Раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев Исмоилов Акбарҷон муовини тоҷикашро дар Ассамблеяи халқҳои Қазоқистон ба Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон муаррифӣ кард.
Тибқи иттилои манбаи Sputnik Тоҷикистон, тарафҳо дар ин дидор дар бораи аҳамияти ҳамкорӣ ва табодули таҷриба байни давлатҳо, инчунин хоҳиши тақвияти ҳамкориҳои дарозмуддат барои рушди масъалаҳои муҳими иқтисодӣ ва таъмини субот дар минтақа таъкид намуданд.
Қайд карда шудааст, ки дар ин дидор ба ҳамгироӣ ва ҳамкориҳои мардуми Қазоқистону Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Имом Яҳё Хоҷа Абдуллоулой, намояндаи ҷомеъаи рӯҳонӣ, ки фаъолияташ ба таҳкими дӯстии ду кишвар мусоидат мекунад, мулоқот анҷом дод.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Имом Яҳёхоҷа Абдуллоло шинос шуд
Роҳбарони ду кишвар ба имом-хатиб барои саҳмаш дар рушди равобити Қазоқистону Тоҷикистон изҳори сипос намуда, ҳамчунин бар аҳамияти дастгирии робитаҳои фарҳангӣ ва башардӯстона таъкид карданд.
Илова бар ин, Қосим-Ҷомарт Тоқаев ва Эмомалӣ Раҳмон ба рушди бомуваффақияти ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар таъкид карданд.
Муносибатҳои намунавӣ ва муколамаи пуршиддати сиёсӣ ба таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ мусоидат намуда, дар навбати худ ба суботу шукуфоии минтақа мусоидат мекунад.
Ёдовар мешавем, ки ҷамъияти тоҷиколни муқими Қазоқистон дар ҳоли ҳозир беш аз 100 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аксари онҳо дар бахши кор мекунанд.