ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Аъзои нави БРИКС Аргентина, Эрон, Арабистони Саудӣ, Миср ва Аморати Муттаҳидаи Араб хоҳанд буд.
Дар ин бора пойгоҳи хабарии бразӣзӣ UOL бо истинод ба лоиҳаи ҳуҷҷати хотимавии саммит гузориш медиҳад.
Ба гуфтаи расона, кишварҳои нави ширкаткунанда аз ҷиҳати ҷуғрофӣ тақсим шудаанд.
"БРИКС аз тавсеаи ин созмон ба панҷ кишвари дигар хабар хоҳад дод... Ба феҳристи ниҳоии кишварҳо инҳо дохил мешаванд: Арабистони Саудӣ, Аргентина, Эрон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Миср", - омадааст дар гузориш.
Ба навиштаи портал, барои нигоҳ доштани мувозинати ҷуғрофӣ, метавонад ба ин рӯйхат як кишвари дигари африқоӣ шомил шавад.
Қаблан Наледи Пандор, вазири умури хориҷаи Африқои ҷанубӣ гуфта буд, ки БРИКС дар масъалаи тавсеъа ба мувофиқа расида, асноде, ки принсипҳои онро баён мекунад, тасвиб кардааст.
Нишасти БРИКС рӯзҳои 22-24 август дар Йоханнесбург баргузор мешавад, ки дар он раҳбарони Чин, Ҳинд, Бразилия ва Африқои Ҷанубӣ ва Русияро вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров намояндагӣ мекунанд.
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар ин нишаст тавассути видеоконфронс ширкат мекунад.
БРИКС Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубиро муттаҳид мекунад, аммо ахиран 23 давлат хоҳиши пайвастан ба ин блоки иқтисодӣ, аз ҷумла Аргентина, Эрон, Алҷазоир, Тунис, Туркия, Арабистони Саудӣ ва Мисрро изҳор кардаанд.