ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, таъсиси воҳиди ягонаи ҳисоб ва истифодаи пули миллӣ дар тиҷорат миёни кишварҳои БРИКС-ро муҳим хонд.
Сарвари давлат дар ин бора тавассути пайванди видеоӣ дар нишасти матбуотӣ дар паи натоиҷи нишасти сарони "панҷгона" дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ изҳор дошт.
"Ин як масъалаи душвор аст, аммо мо ба ин ё он роҳ ба роҳи ҳалли ин мушкилот ҳаракат хоҳем кард. Нуқтаи дуввум (нуқтаи муҳим) ба ташкили ҳисоббаробаркуниҳо [бо пули миллӣ] байни кишварҳои мо дар соҳаи фаъолияти иқтисодӣ дахл дорад", - изҳор дошт ӯ.
Ба ҷуз аз раҳбари Русия, дигар ширкаткунандагони чорабинӣ ба ҷонибдори аз гузаштан ба ҳисоббаробаркуниҳо бо пули миллӣ баромад карданд.
Ҳамин тариқ, президенти Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва диққатро ба зарурати ташкили гуруҳи корӣ барои омӯзиши масъалаи ҷорӣ намудани асъори ягонаи ҳисоббаробаркунии дастаҷаъӣ ҷалб намуд.
"Ин чора метавонад имконоти пардохти моро васеъ кунад ва камбудиҳои моро коҳиш диҳад",- гуфт ӯ,
Вай инчунин таманно кард, ки БРИКС нерӯи пешбарандаи "тартиби одилонатари ҷаҳон" ва иштирокчии ҷудонашавандаи мубориза барои сулҳ, бисёрҷониба ва волоияти ҳуқуқи байналмилалӣ гардад.
Дар натиҷа, раҳбарони БРИКС ба вазирони молия дастур доданд, ки масъалаи асъори миллӣ ва воситаҳои пардохтро баррасӣ кунанд, гуфт Сирил Рамафоса, раиси Африқои Ҷанубӣ.
Ба гуфтаи вай, раҳбарони бонкҳои марказӣ ҳамчунин "масъалаи пули миллӣ, абзорҳои молиявӣ ва платформаҳоро баррасӣ хоҳанд кард."
Ёдовар мешавем, ки БРИКС Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубиро муттаҳид мекунад, аммо ахиран 23 давлат хоҳиши пайвастан ба ин блоки иқтисодӣ, аз ҷумла Аргентина, Эрон, Алҷазоир, Тунис, Туркия, Арабистони Саудӣ ва Миср изҳор кардаанд.