ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Дар корхонаи истеҳсоли коғази ташноб воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд сӯхтор сар зад.
Манобеи Sputnik Тоҷикистон аз ҷои ҳодиса хабар доданд, ки зуҳри имрӯз тақрибан соати 11:45 дақиқа дар корхонаи истеҳсоли коғази ташноб сӯхтор рух дод.
Ин корхона дар канори гардиши роҳи шаҳри Бӯстон дар даромадгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавҷуд аст.
Ба ҷоийи якчанд мошинҳои сӯхторнишонкунӣ сафарбар гардидаанд. То ҳол мақомот дар бораии осебдидагон дар ин сӯхтор маълумоте интишор накардааст.
Ин корхона дар наздикиаш мағозаи фирмавии, коғази ташноб, собун, айна ва дигар маводи кимёии шустушӯи ташкил карда буд.
Ба иттилои манбаъ, ин мағоза низ дар ин сӯхтор осеб дидиааст.
Аз Идораи сӯхторнишонӣ дар вилояти Суғд дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд, ки дар ҳоли ҳозир беш аз 8 мошини обпоши шаҳру навоҳии вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳри Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Бӯстон Гулистон бо ҷойи ҳодиса сафарбар шудааснд.