ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Яке аз масъалаҳои муҳим барои коргарон кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё имкони озодона ҷойгир кардани кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ ё таҳсилоти умумӣ мебошад, иттилоъ додааст сомонаи Комиссияи иқтисодии АВруОсиё.
Тибқи иттилои манбаъ, Комиссияи иқтисодии Авруосиё дар арафаи 1 сентябр мушкилоти дастрасии фарзандони коргаронро дар кишварҳои узви ИИАО ба таҳсилоти миёна дар қаламрави давлати шуғлиро таҳлил кард.
Тибқи Шартномаи ИИАО, фарзандони коргароне, ки дар дигар кишвари узви ин созмон кор зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд тибқи қонунгузорӣ ба муассисаҳои томактабӣ раванд ва таҳсил намоянд.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки ҳуқуқҳои кӯдакон ба таҳсил дар созишномаҳои муҳими байналмилалӣ, ки дар онҳо ҳамаи давлатҳои узв иштирок мекунанд, кафолат дода мешавад.
Тибқи таҳлил, аксари мактабҳои давлатӣ таҳсилоти ройгонро пешниҳод мекунанд. Фарзандони кормандоне, ки шаҳрвандони давлатҳои узв нестанд, ба таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баробари шаҳрвандони давлатҳои узв ҳуқуқ доранд.
Дар партави тамоюли охирини муҳоҷирати қувваи корӣ аз Русия ба кишварҳои ИИАО, бояд қайд кард, ки дар кишварҳои узви ин созмон, ки забони русӣ забони давлатӣ нест, ба забони русӣ таҳсил кардан мумкин аст.
Масалан, дар Қазоқистон нишондиҳандаи баландтарин мушоҳида мешавад: аз 7723 мактаб 3754-тоаш забони русиро меомӯзад. Дар ҷумҳурии Қиргизистон аз 2350 мактаб 901 мактаб, дар Арманистон аз 1353 мактаб 45 мактаб забони русиро меомӯзанд.