Собиқ литсейи Оқохон дар шакли муассисаи давлатӣ фаъолу мудираш таъйин шуд

Собиқ литсейи Оқохон дар шаҳри Хоруғ дар пайи таҷдиди сохтор ҳамчун муассисаи давлатии "Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ" ба фаъолият оғоз кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Мудири нави муассисаи давлатии "Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ", Хушбахт Давлатов таъйин шудааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдории Хоруғ иттилоъ дода, афзуд, ки дар пайи таҷдиди сохтор ин муассиса ба фаъолият оғоз намуд.
Зимни муаррифии роҳбари нав ба ҳайати омӯзгорон, аз онҳо даъват ба амал оварда шудааст, ки ба фаъолияти муқаррарии худ идома бахшанд ва ба соли нави хониш омодагии ҷиддӣ бинанд.
"Ҳамин тариқ сокинони вилоят ва шаҳри Хоруғ метавонанд ба муассиса ҳозир шуда, вобаста ба раванди таълиму тарбияи фарзандон ва омодагии онҳо ба соли нави хониш бо омӯзгорон корбарӣ намоянд", - омадааст дар иттилоия.
Дар ВМКБ қариб 400 омӯзгор намерасад
Таъкид гардидаст, ки ҳақи таълими хонандагон ва маоши ҳайати омӯзгорон бо тартиби қаблӣ нигоҳ дошта мешавад.
Ахиран Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон сабаби таҷдиди сохтору давлатӣ кардани собиқ литсейи Оқохон дар Хоруғро якчанд омил, аз ҷумла таваҷҷӯҳи кофӣ надодан ба омӯзиши забони тоҷикӣ гуфта буд.
Роҳбарияти вазорат гуфта буд, ки дар ҳолати азнавбақайдгирӣ, тавре худи ҳукумати ВМКБ пешниҳод кард, бо назардошти дастгирии иловагии базаи кадрии муассиса он фаъолияташро идома медиҳад.
Литсейи Оқохон дар Хоруғ аз ҷумлаи маъруфтарин муассиса дар ВМКБ ба шумор мерафт, ки хатмкунандагонаш дар донишгоҳҳои байналмилалии хориҷи дуру наздик зиёд қабул мешуданд.