Кожошев: Амнияти энержӣ-пояи некуаҳволии сокинони ИИАО аст

Вазири энергетика ва зерсохтори комисия иқтисодии АвруОсиё дастрасии кафолатнок ба нерӯи барқ бо нархи дастрасро яке аз вазифаҳои муҳимтарин медонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Вазири энергетика ва зерсохтори Комиссияи иқтисоди АвруОсиё Арзибек Кожошев дар ҷаласаи 62-юми Шӯрои энергетикии ИДМ, ки азиран баргузор шуд, нақши калидии энергетикиро дар системаи амнияти миллии кишварҳоиАруОсиё ва арзиши бунёдии онро барои ташкили ҳаёти бароҳати инсон баён намуд.
Вазир дар бораи корҳо оид ба ташаккули бозори умумии нерӯи барқи ИИАО маълумот дод.
Номбурда қайд кард, ки дастрасии кафолатнок ба гармӣ, нерӯи барқ ​​ва оби гарм, инчунин фаъолияти тамоми шабакаҳои таъмини ҳаёт бидуни таваққуф ва бо нархи дастрас барои шаҳрвандон - яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат мебошад.
Дар халли он фаъолияти якчояи кишварҳои Иттиходи Давлатхои Мустакил дар бораи истифодаи оқилонаи захоири энергетикӣ ва ба вуҷуд овардани "фазои энергетикӣ" торафт аҳамияти калон пайдо мекунад.
Квотаи воридоти бархе аз навъҳои маҳсулот миёни кишварҳои узви ИИАО мушаххас шуд
Ин ҳамкориҳо ба баланд бардоштани самаранокии системаҳои энергетикӣ, рушди иқтидори транзитӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои афзоиши интиқоли фаромарзии захираҳои энергетикӣ асос ёфтаанд.
Ба гуфтаи Арзибек Кожошев, нақшаҳои энергетикии Иттиҳодияи Аврупо ва ИДМ бояд дар ҳамкории зич якҷо бо комиссияи иқтисодии АврОсиё ва Шӯрои энергетикии ИДМ пеш бурда шаванд.