ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Дар машварати августии омӯзгорон, ки дар шаҳри Бохтар бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро ва дигар масъулон баргузор гардид ва дар ҷараёни он ба омӯзгорон ҳуҷҷатҳои заминҳои наздиҳавлигӣ тақдим карда шуданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додаст.
Қайд карда шудааст, ки дар рафти чорабинӣ раиси вилояти Хатлон ва вазири маориф ва илми кишвар ва дигар ҳамроҳон аз намоиши дастовардҳои соҳаи маориф дидан карда, ба 17 нафар омӯзгорон Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин супорид.
Инчунин, ба иттилои манбаъ, беш аз 140 нафар кормандони соҳаи маориф ва омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо Ҷоиза ва мукофотҳои молию пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар ҳамин ҷаласа раиси вилояти Хатлон ба раисони шаҳру ноҳияҳо, мудирони шӯъбаву бахшҳои маориф барои дастгирии омӯзгорон ва муҳайё намудани шароити таълиму тарбия дастуру супориш дод.
Раиси вилоят қайд кард, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додааст.