ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Мавзӯи ҳавопаймоҳои бесарнишин ба барномаи таълимии тайёрии ибтидоии ҳарбӣ дохил карда шудааст, иттилоъ дод РИА "Новости".
Ба иттилои манбаъ, мавзӯи кори бесарнишинҳо барои хонандагони синфҳои 10-11 таълим дода мешавад.
Дар барномаи таҳсил гуфта мешавад, ки муҳассилин бояд дар бораи усулҳои истифодаи ҷангии ҳавопаймоҳои бесарнишин ва иктишоф тасаввурот дошта бошанд.
Инчунин, ба талабагони синфҳои болоӣ алгоритми кори бесарнишинҳои ҳариф омӯзонда мешавад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар доираи ҳамоиши байналмилалии "Армия-2023" ба мавзӯи бесарнишинҳо таваҷҷӯҳ кард.
Ба гуфтаи Владимир Путин, ин самт ҳам дар бахши низомӣ ва ҳам дар бахши шаҳрвандӣ фаъолона рушд мекунад.
"Воқеан, сухан дар бораи таъсиси як саноати нави мустақили илмӣ ва технологияи баланд меравад", - қайд кард президент.
Илова бар ин, раҳбари Русия изҳор дошт, ки бозори маҳсулоти зеҳни сунъӣ дар кишвар дар ҳоли густариш аст ва ба масъалаи бесарнишинҳо таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад.