Аҳмадзода хостори дастгирии бештари истеъдодҳои нодир шуд

Раиси Суғд зимни қадрдонии омӯзгорону хонандагон изҳор дошт, ки озмунҳо нишон медиҳанд, ки дар вилоят истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Наздики 50 нафар​ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ —​ ғолибони озмуну олимпиадаҳо ва омӯзгорони онҳо​ 345 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ гирифтанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Суғд иттилоъ дода, афзуд, ки маросими қадрдонӣ бо иштироки роҳбари вилоят, Раҷаббой Аҳмадзода ва вазири маорифу илми ҷумҳурӣ, Раҳим Саидзода сурат гирифт.
Раис зикр намудаст, ки маҳз, дар натиҷаи заҳмати аҳли​ маориф ва муносибати ​ҷиддиву эҷодкоронаи онҳо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ​миёнаи умумии ​ вилоят дар олимпиадаву озмунҳои ​ ҷумҳуриявию байналмилалӣ ​ҷойҳои ифтихорӣ мегиранд.
Мактаббачагони тоҷик аз ганҷҳои фарҳангии Петербург дидан хоҳанд кард
"Озмунҳо бори дигар собит намуданд, ки истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки ​ мо бояд онҳоро ҳамаҷониба ​дастгириву ҳавасманд гардонем", - гуфт роҳбари вилоят.
Ба иттилои мақомоти маорифи Суғд, дар соли таҳсил 769 нафар хонандагони ​ муассисаҳои таълимии вилоят дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, 63 нафар дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ва 489 нафар дар олимпиадаҳои байналмилалии фосилавӣ ​ сазовори ​ҷойҳои ифтихорӣ шуданд.
Ҳамин тариқ, дар вазъияти тантанавӣ ба 30 нафар кормандони соҳаи маориф​ Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ба 10 нафар​ нишони​ "Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон" ва Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм супорида шуд.