Зани халабон, гусфанд дар ҳавопаймо ва аввалин фурудгоҳҳои Ӯзбекистон – акс

Ба гуфтаи олимон, таърихи авиатсияи граждании Ӯзбекистон аз соли 1921 бо парвози таблиғотии Ашқобод - Керки - Тирмиз оғоз ёфт, ки он панҷ рӯз давом кард
Sputnik
Аз ҳамон вакт инчониб авиатсияи ҷумҳурӣ пасту баландихоро аз cap гузаронд.
1 / 13

Дар солхои ҳокимияти Ӯзбекистони Шӯравӣ бо маҳсулоти хочагии қишлоқи худ шухрат дошт. Авиатсияи гражданӣ барои эҳтиёҷоти хоҷагии қишлоқ фаъолона кор мекард. Суҳбати халабон В. Люмин бо духтарон дар ноҳияи Андиҷон.

2 / 13

Ҳавопаймоҳои хурд хатто дар шароити куҳсор фуруд омада метавонистанд ва барои корҳои киштукор, кашондани маҳсулоти кишоварзӣ, авиатсияи тиббӣ ва дигар мақсадхо истифода мешуданд. Ба самолёт бор кардани гусфандони як колхози вилояти Андиҷони Ӯзбекистон, соли 1967.

3 / 13

Аввалин хати байналхалқии ҳавоии "Тошканд — Кобул" соли 1927 кушода шуд. Солҳои 70-уми асри гузашта дар марказҳои вилоятҳои ҷумҳурӣ сохтмони фурудгоҳҳо фаъолона оғоз гардид. Фурудгоҳи шаҳри Фарғона, 1970.

4 / 13

Аввалин парвоз аз Тошканд ба Москва соли 1930 cоғоз шуда буд. Фурудгоҳи Тошканд соли 1958 мақоми байналмилалиро гирифт. Толори фурудгоҳи шаҳри Самарқанд, 1973.

5 / 13

Ҳавопаймоҳои Ӯзбекистон ба республикахои хамсоя фаъолона парвоз мекарданд. Фурудгоҳи шаҳри Ӯш соли 1974.

6 / 13

Саноати ҳавопаймосозии Ӯзбекистон 12 ноябри соли 1924, вакте ки дар ин ҷо коргоҳҳои таъмири ҳавопаймоҳои кушода шуданд, ба вучуд омад. Тирамоҳи соли 1941 корхонаи ҳавопаймосозии Химкии назди Маскав ба Тошканд кӯчонида шуд. Сохтмони ҳавопаймои Ил-62, 1977

7 / 13

Аввалин халабон Солиҷон Расулов ​​ва механики авиатсионӣ Юрий Павлов баъди парвоз. Қуқон, 1978.

8 / 13

Аз соли 1967 Ӯзбекистон ба ҳавопаймоҳои Як-40 ва Ту-134 дастрасӣ пайдо кард. Пойтахти Узбекистон бо шаҳрҳои Ленинград, Новосибирск, Свердловск, Челябинск, Симферопол, шаҳрхои назди Балтика, Қавқоз ва Шарқи дур парвозҳоро роҳандозӣ кард. Халабони ҳавопаймои мусофиркаши маҳалии "Як-40" Рабига Абидова, соли 1978.

9 / 13

Сохтмони аввалин фурудгоҳ Ӯзбекистон — дар Тошканд соли 1932 cap шуда буд. Дар акс — терминали нави фурудгоҳи шахри Тошканд соли 1979.

10 / 13

Барои муҳофизат кардани ҳавопаймо аз хатари ворид шудани паррандагон ба шишаҳо ва муҳаррикҳо, дар фурудгоҳҳо сабти зангҳои изтирории навъҳои гуногуни паррандагон пахш карда мешавад, то паррандагон тарсанд. Фурудгоҳи Самарқанд 1982.

11 / 13

Соли 1977 нахустин ҳавопаймои Ту-154 дар Ӯзбакистон аз Куйбишев ба Тошканд парвоз кард, амалиёти он дар Ӯзбакистон то соли 2010 идома дошт. Ҳавопаймоҳои Аэрофлот дар майдони ҳавоии Тошканд, соли 1984.

12 / 13

Соли 1974 дар Ӯзбакистон ба истифода додани ҳавопаймои Ил-62 шурӯъ шуд. Таъмири ҳавопаймоҳо дар заводи механикии Тошкент, 2017.

13 / 13

Дар Ӯзбекистон мунтазам фурудгоҳҳо таъмиру таҷдид мешаванд. Бинои нави фурудгоҳи Самарқанд.