Вазири маориф дар макотиби ноҳияи Айнӣ камбудиҳо ошкор намуд

Раҳим Саидзода дар доираи сафар ба вилояти Суғд ва иштирок дар машварати августии омӯзгорони вилоят аз бархе макотиби минтақа боздид кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо вазъи омодагии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №6 ва 53-и ноҳияи Айнӣ ба соли нави хониш шинос шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати маориф, вазир зимни боздид муайян намудааст, ки мактабҳои мазкур ба зимистон омода набуда, ангишт дастрас накардаанд.
Зикр шуд, ки мактаби №6-и ба номи Олим Нозимови деҳаи Сарвода аз ҳисоби комбинати маъдантозакунии кӯҳии Анзоб мавриди таъмир қарор гирифтааст.
Муассиса барои 640 хонанда сохта шуда, айни ҳол дар он 454 нафар хонандагон бо таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар мактаб 2 нафар - омӯзгори фанни математика ва омӯзгори фанни омодагии дифоии ҳарбӣ намерасад, афзуд Вазорати маориф.
Дар ВМКБ қариб 400 омӯзгор намерасад
Раҳим Саидзода зимни боздид дар муассисаи мазкур таъкид намудаст, ки ба ҷараён ва сифати корҳои таъмирӣ диққати махсус дода шавад, омодагӣ ба соли нави хониш ҷиддӣ сурат гирад.
Вазир хотиррасон намудаст, ки баланд бардоштани сифати таълим аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як корманди соҳаи маориф мебошад.
Ба гуфтаи ӯ ба омӯзиши фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ бояд диққати махсус дода шавад.
Вай аз устодон хостааст, рисолати худро бо масъулияти баланд иҷро намуда, дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми арзандаи худро гузоранд.