Дар соли равон дар ноҳияи Рашт 5 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии нав сохта мешавад

Ба иттилои мақомоти ноҳияи Рашт шумораи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии ноҳия ба ҳолати 1 июли соли равон ба 30 адад расонидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Ба иттилои мақомоти ноҳияи Рашт то соли 2026 21 ада бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ба нақша гирифта шудааст, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж”.
Ба иттилои манбаъ, бо мақсади амалӣ намудани фармони Президенти Тоҷикистон “Дар бораи солҳои рушди саноат эълон намудани солҳои 2022-2026”, нақшаи чорабиниҳо таҳия карда шудааст.
Ба иттилои мақомдорони ноҳия тибқи ин нақша бо ҷалби маблағҳои соҳибкорон ва шарикони рушд дар солҳои 2022-2026, бо назардошти мавҷудияти ашёи хом, бунёди 21 адад, аз ҷумла дар соли 2023 таъсиси 5 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ дар назар дошта шудааст.
Рушди саноат дар Иттиҳоди АвруОсиё: Кӣ бештар пеш рафт?
Шумораи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии ноҳия ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ ба 30 адад расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 адад зиёд аст.
Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Рашт 17,8 млн сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 319,3 ҳазор сомонӣ ё 1,8 фоиз зиёд аст.