ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Дар Русия теъдоди шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ мехонанд, афзоиш ёфтааст.
Ҳамин тариқ, дар соли 2023 шумори хориҷиёне, ки тибқи квотаи ҳукумати Русия қабул шудаанд, ба 17 ҳазор нафар расид, менависад “Интерфакс” дар истинод ба маълумоти Вазорати маориф ва илми Русия.
Ин омор нисбат ба соли гузашта 3,5 ҳазор нафар бештар аст.
Тибқи иттилоои манбаъ, он замон дар доираи квота дар донишгоҳҳои саросари Русия 13,8 ҳазор довталаб ба таҳсил шурӯъ карданд.
Вазорати маориф ҳамчунин ёдовар шуд, ки мақомоти Русия ҳамасола квота барои донишҷӯёни хориҷиро афзоиш медиҳанд - дар соли 2023 он набояд аз 30 ҳазор нафар зиёд бошад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки шумораи умумии донишҷӯёни хориҷӣ, ки метавонанд дар донишгоҳҳои Русия таҳсил кунанд, ба 435 ҳазор нафар мерасад.
Ин метавонад иқдом метавонад то соли 2030 амалб шавад.
Ҳамчунин қобили зикр аст, ки Русия теъдоди квотаҳоро барои довталабони тоҷик афзоиш додааст.
Ҷойҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд дар донишгоҳҳои Русия таҳсил кунанд, ба ҳазор нафар расонда шудааст.