Дар Маскав ташкил ва такмили таълими касбии муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуд

Дар Маскав масъалаи омода намудани муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар, ташкил ва такмили таълими касбии муҳоҷирони корӣ баррасӣ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 авг - Sputnik. Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ бо сардори Хадамоти федералии меҳнат ва шуғли аҳолии Русия Иванков Михаил дидору гуфтугӯ кард.
Ба иттилои дафтраи матбуоти намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Русия ҷонибҳо оид ба мувофиқаҳои бадастомада зимни баргузории ҷаласаи 5-уми Гурӯҳи корӣ ибрози назар намуда, ҷиҳати андешидани чораҳои зарӯрӣ ва тезонидани муҳлати иҷроиши онҳо дастурҳо доданд.
Таъкид шудааст, ки дар рафти мулоқот ҳамчунин масъалаи омода намудани муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар, ташкил ва такмили таълими касбии муҳоҷирони меҳнатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ба талаботи бозори меҳнати Русия ҷавобгӯ ва эҳтимоли омӯзиши касбии онҳо аз ҷониби корфармоёни рус мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар Маскав масъалаи ҷалби муташаккили муҳоҷирони тоҷик барои кор дар Русия баррасӣ шуд
Дар ин мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими пайвастаи ҳамкорӣ дар самтҳои зикргардида ва рушди муносибатҳои дуҷониба изҳор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки ахиран дар пойтахти Русия ҷаласаи 5-уми Гурӯҳи корӣ бо ҳузури намояндагони мақомотҳои ду кишвар роҷеъ ба муҳоҷирати меҳнатӣ баргузор шуд.