ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни роҳбари Шӯрои директорони компанияи "Тринити Прокюремент ДММС" Александр Максимов аз таҳкими робитаҳои иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Русия, ки шарикони стратегӣ мебошанд, изҳори хушнудӣ кард.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Таъкид шуд, ки тибқи созишномаҳои байнидавлатӣ вилояти Суғд бо минтақаҳои гуногуни Русия, аз ҷумла Свердловск, Иркутск, Олтой, Красноярск, Маскав равобити хуби дӯстона дорад.
Раиси вилоят таваҷҷуҳи соҳибкори русро барои ташкили корхонаҳои муштарак дар самти истеҳсоли либосҳои пахтагин, коркарди пӯст ва истеҳсоли пойафзол, консерва, обҳои нӯшокӣ, масолеҳи сохтмонӣ, сангҳои ороишӣ, бунёди меҳмонхонаҳои муосир, маҷмааи солимгардониву истироҳатӣ, азхудкунии заминҳою бунёди боғҳои интенсивӣ ва содироти мева аз мамлакат ҷалб намуда, барои амалисозии тарҳҳои муштарак омодагии соҳибкорони тоҷикро изҳор намуд.
Соҳибкори рус ҳадафи сафарашро омӯзиши вазъи иқтисодиёти вилоят ва шиносоӣ бо захираву имконияти мавҷуда арзёбӣ намуда, гуфт, ки сармоягузорони рус барои ташкили корхонаҳо, маҷмааҳои солимгардониву истироҳатӣ ва сайёҳӣ, харидории маҳсулоти кишоварзӣ ҳавасманд мебошанд.
Раиси вилоят қайд кард, ки вилояти Суғд дорои 18 шаҳру ноҳия буда, дар вилоят соҳаи саноат рушд намудааст.
Мавҷудияти Минтақаи озоди иқтисодӣ ва фазои мусоиди сармоягузорӣ омили рушди соҳа буда, саноати кӯҳӣ-металлургӣ, саноати сабук ва нассоҷӣ, истеҳсолу коркарди нӯшокиҳо, меваву сабзавот васеъ ба роҳ монда шудааст.