ДУШАНБЕ, 19 авг - Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз 19 то 21 август дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии вилояти Суғд, НТҶ ва ғарби ВМКБ сар задани селҳои дорои хусусияти маҳаллӣ аз эҳтимол дур нест.
Ҳамчунин манбаъ қайд кардааст, ки ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад.
Дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда ва бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона то 17 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 22 дараҷа гарм, рӯзона то 33 дараҷа, дар шарқи вилоят рӯзона то 22 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш низ дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона то 21 дараҷа гарм, рӯзона аз то 37 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 29 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон бошад ҳавои камабру бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона то 23 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 40 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона то 20 дараҷа гарм, рӯзона то 32 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона то 20 дараҷа гарм, рӯзона то 37 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 16 дараҷа гарм, рӯзона аз то 34 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабру бебориш дар назар аст Ҳаво шабона то 20 дараҷа ва рӯзона то 37 дараҷа гарм мешавад.