ДУШАНБЕ, 18 авг – Sputnik. Сафири фавқулода ва мухтори навтаъйини Тоҷикистон Илҳом Абдураҳмон ба президенти Озарбойҷон, Илҳом Алиев эътимодномаи худро супорид.
Дар ин бора Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки дипломати тоҷик дуруду таманниёти президенти ҷумҳурӣ, Эмомалӣ Раҳмонро ба Алиев расонд.
Дар ҷараёни суҳбат, ки пас аз супоридани эътимоднома баргузор гашт, масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, омадааст дар итттилоия.
Маврид ба зикр аст, ки раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон сафири нав дар Озарбойҷонро моҳи июли соли равон таъйин кард.
Илҳом Абдураҳмон дар мақоми сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Озарбойҷон Рустам Солиро иваз намуд, ки ба нафақа баромад
Бино ба ҳолномаи сафири нав, ӯ дар гузашта дар Вазоратҳои молия, меҳнат низ кор карда, пасон ба ВКХ омада, бештар дар самти молияи ин ниҳод фаъолият доштаст.
Илҳом Абдураҳмон ҳамчунин солҳои 2017-2018 консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбули Туркия буда, солҳои охир дар мақомҳои дипломатӣ дар Дубай ва ИМА фаъолият доштаст.