Раҳмон омори офатҳои табиӣ ва марг аз онро дар ВМКБ ифшо кард

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бораи теъдоди ҳодисаҳои фавқулода дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар солҳои истиқлолият иттилоъ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим бештар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эҳсос мешавад.
Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни як суханронӣ ба фаъолони вилоят изҳор дошт.

"Танҳо дар 6 моҳи соли 2023 дар вилоят 20 офати табиӣ ба қайд гирифта шудааст", - гуфт ӯ.

Ҳамин тариқ, дар вилоят дар пайи ин ҳаводис 18 нафар ҷони худро аз даст дода, зарараш бошад ба 19 млн сомонӣ расид, афзуд роҳбари ҷумҳурӣ.
"Дар маҷмӯъ, дар 25 соли охир дар ВМКБ 314 ҳолати фавқулодаи табиӣ рух дода, дар натиҷа 63 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расидаанд", - зикр кард Раҳмон.
Ба гуфтаи ӯ, хисороти моддӣ аз чунин падидаҳои табиӣ дар тамоми давра ҳудуди 300 миллион сомониро ташкил додааст.
Қаблан дар маркази маъмурии ВМКБ маросими супоридани бино ба сокинони аз офати табиӣ зарардида баргузор шуд.
Дар бинои бисёрошиёнаи навбунёди Хоруғ ба зарардидаҳо аз тарма хона доданд
Якҷоя бо хизматчиёни ҳарбӣ 12 оилаи осебдида аз шаҳри Хоруғ, ки дар фасли зимистон хонаҳояшон дар пайи тармарезӣ пурра хароб шуда буданд, дар ин бино манзилҳои наву замонавӣ гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки зимистони соли гузашта дар Хоруғ резиши тармаи бузурге сурат гирифт, ки дар пай қурбониҳои зиёди ҷониву молӣ дошт.