Таъкиди Русия бар ташкили давлати фарогир дар Афғонистон

Ахиран Сафири Русия дар Кобул дар мусоҳибааш бо рӯзноманигорон бар ташкили давлати фарогир дар Афғонистон таъкид кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 август — Sputnik. Русия ба толибон тавсия мекунад, ки як низоми давлатии фарогир эҷод кунад ки шомили тамоми гуруҳҳои қавмӣ, мазҳабӣ ва сиёсии Афғонистон бошад ва мубориза бо террористҳои зеризаминӣ ва маводи мухаддирро ҳам ташдид кунад, гуфт Сафири Русия дар Кобул Дмитрий Жирнов.
Тавре “Радио дарӣ” хабар додааст, вай дар бораи амалкарди ҳукумати толибон дар ду соли гузашта дар Афғонистони афзуд, ки ҳукумати толибҳо тамоми хоки ин кишварро таҳт кантрол дорад, дар мубориза бо ДИИШ-и муваффақиятҳоӣ ба даст оварда ва барномаеро барои решакании маводи мухаддир эълом кардааст.
“Онҳо ҳамчунин дар талошанд то барои мардуми зиндагии мусолиматомезе фароҳам ва бар вайрониҳои бар ҷои монда аз ҳокимони дасти нишондае, ки фирор кардаанд ғалаба кунанд”, - гуфт сафири Русия.
Толибон* фаъолияти аҳзоби сиёсиро дар Афғонистон мамнӯъ карданд
Ин мақомдори рус изҳор кардааст, ки ин талошҳои толибон дар ҳолест, ки ин гурӯҳи таҳти таҳримҳои сахти Амрико қарор дорад ва Вашингтон захоири арзӣ ва тиллои Афғонистонро низ мунҷимид кардааст.
Гурӯҳи толибон, ки авохири моҳи августи 2021 қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтанд ва бо ташкили давлати муваққат, ваъдаи ташкили давлати фарогирро дар ин кишвар дода, аммо ин ваъда ҳануз муҳаққиқ нашудааст.