Шохиси қимати масрафкунанда дар қаламрави ИИАО боло рафтааст

Дар қаламрави кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё нархи маҳсулоти ғизоӣ дар ин давра 3%, молҳои ғайриозуқа 2,6% боло рафтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Шохиси қимати масрафкунанда ва хизматрасонӣ дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар моҳи июл нисбат ба моҳи июни соли равон 100,6% ва нисбат ба моҳи декабри соли 2022 103,6 фоизро ташкил дод.
Дар ин бора сомонаи Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст.
Нисбат ба моҳи декабр болоравии назаррасӣ хизматрасонии пулакӣ (6 фоиз) мушоҳида шудааст. Нархи махсулоти ғизоӣ дар ин давра 3%, молҳои ғайриозуқа 2,6% боло рафтааст.
Афзоиши нархи маводи озуқа дар Иттиҳодия иқтисодии АвруОсиё дар Қазоқистон (5,9%), Қирғизистон (4,6%) ва Беларус (3,2%) ба қайд гирифта шудааст.
Афзоиши бештари нархи маҳсулоти ғайриозуқа дар Қирғизистон (6,9%) ва Қазоқистон (5,9%), хизматрасонии пулакӣ дар Беларус (6,2%) ва Русия (6,1%) мушоҳида шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ахиран вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Мӯҳриддин ахиран зимни шарҳи масъалаи пайвастшавӣ ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё фаҳмонд, ки Душанбе ба кадом ҷанбаҳо таваҷҷуҳ мекунад.
Шарҳи Муҳриддин дар бораи пайвастшавии Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё
Вай гуфт Тоҷикистон барои қабули қарор дар бораи пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таҷрибаи кишварҳои дигарро меомӯзад.
Таъкид шуд, ки Тоҷикистон ба омӯзиши таҷрибаю шароити пайвастани Арманистон ва Қирғизистон ба ин созмон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад.
"Зеро ки ин кишварҳо бо Тоҷикистон нишондиҳандаҳои иқтисодии шабеҳ доранд", - шарҳ дод вазир.
Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин таъкид кард, ки мақомоти тоҷик то ҳол ҷанбаҳои мусбат ва манфии пайвастан ба ИИАО мавриди омӯзиш қарор дода истодаанд.
"Тасмими шомил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳадди аксар ҳазмшудаю омӯхта хоҳад буд", - хулоса кард ӯ.
Қаблан мақомоти Тоҷикистон изҳор дошта буданд, ки кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, аз ҷумла Русия ва Қазоқистон аз шарикони асосии тиҷоратии кишвар мебошанд.