Нархи гази моеъ дар Хуҷанд боз боло рафт

Афзоиши қимати гази моеъ бо ҳамин гуна боло рафтани нархи бензинро низ дар пай доштааст, мегӯянд ронандагон аз шаҳри Хуҷанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Дар маркази маъмурии вилояти Суғд болоравии қимати гази моеъ идома дорад.
Дар тоблуҳои электронии нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Хуҷанд 1 литри ин навъи маводи сӯхт бо қимати 5,2-5,3 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Гуфта мешавад, ки як рӯз қабл қимати он аз 4,90 то 5,00 сомониро ташкил медод.
Дар баробари болоравии қимати газ, нархи бензин низ андаке гарон шудааст.
Ҳамин тавр, дар авоили моҳи август сӯзишвории навъи АИ-92 дар нуқтаҳои фурӯши маҳаллӣ бо қимати 9,80 сомонӣ пешкаш мешуд, дар ҳоли ҳозир арзиши он 10 сомониро ташкил медиҳад.
Илова бар ин, сӯзишвории тамғаи АИ-95 бо қимати 10,20 сомонӣ фурӯхта шуд, ҳоло бошад 10,40 аст.
Сӯзишвории дизелӣ тақрибан бетағйир боқӣ монда, аз 10,50 сомонӣ то 10,60 арзиш дорад.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон бисёри ронандагон ба далели гарон будани нархи бензин дар мошинашон дастгоҳҳои гази моеъро насб намудаанд.
Русия беш аз 85%-и бозори сӯзишвории Тоҷикистонро таъмин мекунад
Ахиран Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳ гуфт, нархи миёнаи воридотии ҳар тонна гази моеъ ба Тоҷикистон ба 403 доллар баробар шудааст, ки нисбати соли гузашта арзонтар мебошад
Ин ниҳод гуфт, ки арзиши гази моеъ дар кишвар аз қимати он ба давлатҳои истеҳсолкунанда марбут аст, зеро ҷумҳурӣ ин маҳсулотро пурра ворид мекунад.
Беш аз 73%-и гази моеъ ба Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон аз Қазоқистон ворид гардида, наздики 25%-и дигар ба Русия ва қариби 2% ба Ӯзбекистон рост меояд.
Ҳаҷми умумии гази моеъи воридшуда ба Тоҷикистон дар шашмоҳа ба зиёда аз 169 ҳазор тон баробар шудааст, ки маблағи умумияш беш аз 68 млн доллар ҳисоб шудаст.