ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии "Себзор" шинос шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, баъд аз шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии “Себзор” Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, масъулинро барои анҷом додани корҳои сохтмонӣ мутобиқ ба меъёрҳои муосир ва дар мӯҳлати муайяншуда вазифадор кард.
Таъкид шудааст, ки нерӯгоҳи барқи обии “Себзор” ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон сохта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки корҳои сохтмонӣ дар зеристгоҳи барқии неругоҳи “Себзор” аз тарафи пудратчии лоиҳа - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мадад” моҳи феврали соли 2022 оғоз гардида, то имрӯз корҳо пурра ба анҷом расонида шуданд.
Таҷҳизот пурра насб гардида, баъд аз озмоиш зеристгоҳ аз тарафи фармоишгар қабул шуд.
Шиддати зеристгоҳи барқии Неругоҳи барқии обии “Себзор” 110 киловолт буда, дар он 4 трансформатор, аз ҷумла - 2 трансформатори асосӣ бо тавоноии 15 мегаволтампер, 1 трансформатори 35/10- киловолтаи тавоноиаш 2,5 мегаволтампер, 1 трансформатори сарфиёти худии 35/04 киловолтаи тавоноиаш 160 киловолтампер насб гардидааст.
Баъди дигар кардани маҷрои дарё корҳои сохтмонӣ дар сарбанди асосии нерӯгоҳ оғоз ёфтанд.
Сарбандии асосии неругоҳ бо дарозии 60 метр ва баландии 8 метр сохта шуда, ғунҷоиши он 5 миллион куб обро ташкил хоҳад дод.
Татбиқи лоиҳа бунёди нерӯгоҳ моҳи декабри соли 2020 оғоз буд ва он аз се агрегат иборат мебошад.
Нерӯгоҳи барқи обии “Себзор” бо иқтидори 11 мВт бунёд мегардад ва дар маҷмӯъ дар давраи сохтмони ин иншоот то 300 нафар бо кор таъмин хоҳанд шуд.