ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Дар ҷамоати деҳоти "Нури Вахш" ноҳияи Дӯстӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҶСП "Ҷунтай-Хатлон Син Силу" бо масъулони соҳаи кишоварзӣ ба чиниши пахта оғоз бахшид.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар дод.
Қайд карда шудааст, ки имсол саҳмдорони ҷамъият дар масоҳати 3 ҳазору 568 гектар пахтаи навъи “Дӯстӣ” кишт намуданд, ки ба иқлим ва обу ҳавои минтақа мутобиқ буда, ба таъкиди кишоварзон бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ва нигоҳубини ҳамаҷониба метавон ба ҳисоби миёна 33,4 сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ кард.
Ширкат то имрӯз дар 326 гектар заминҳои пахта дефолятсия гузаронида, минбаъд низ ин корро идома медиҳад.
Иттилоъ дода шудааст, ки ноҳияи Дӯстӣ имсол тибқи дурнамо нақша доранд, ки беш аз 18 ҳазор тонна ҳосил ба даст оранд, ки ба ҳар як гектар аз 23,5 то 33,4 сентнерӣ рост меояд.
Зикр гардидааст, ки дар вақти кишту парвариш ва чиниши пахта дар ширкати “Ҷунтай-Хатлон Син Силу” зиёда аз ду ҳазор нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мешаванд.
Ёдоварӣ мекунем, ки Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Хатлон Син Силу” дар ноҳияи Дӯстӣ аз соли 2015 инҷониб фаъолият дошта, бо истифода аз таҷрибаи пешқадам бо обёрӣ намудани заминҳои бекорхобида дар самти парваришу истеҳсоли пахта ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.