ДУШАНБЕ, 16 авг - Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон масъулини саноатро муваззаф кард, ки масъалаи истихроҷу коркарди маодин, аз ҷумла, литийро дар ноҳияи Дарвоз мавриди омӯзиш қарор диҳанд.
Ӯ ин дастурро дар доираи мулоқот бо сокинони ноҳияи Дарвоз баён дошт.
"Имкониятҳои ноҳия дар самти истихроҷ ва коркарди маъдан, аз ҷумла - литий омӯхта, ҷиҳати ба роҳ мондани истеҳсоли саноатии маҳсулоти тайёри филизӣ корбарӣ карда шавад", - дастур дод Раҳмон.
Барои ин кор президенти Тоҷикистон, роҳбарияти Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳуриро муваззаф намуд.
Қаблан сардори Саридораи геологияи Тоҷикистон, Илҳом Оймуҳаммадзода изҳор дошта буд, ки геологҳои тоҷик на танҳо барои дарёфт намудани конҳои литий, балки дигар филизоти камёби замин ҳам кор карда истодаанд.
Дар ҳоли ҳозир дар қисмати ҷанубии Помир корҳои иктишофии пешакии қитъаҳои дорои литий гузаронида шудаанд, ки дар он мавзеъҳо захираҳои зиёди категорияи С2 мавҷуд аст, гуфт ӯ.
Таваҷҷӯҳ ба литий дар ҳолест, ки талабот ба ин филизот дар пасманзари рушди тавлидоти худравҳои барқӣ афзоиш ёфта, нархи он низ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба маротиб боло рафтааст.