Миёни осебдидагони таркиш дар Махачқалъа тоҷикон низ ҳастанд?

Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар пайи таҳқиқ муайян кардааст, ки дар таркиши пурқурбонӣ дар маркази Доғистон ягон тоҷикистонӣ осеб надидаст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Дар таркиши нуқтаи таъмири нақлиёту фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Махачқалъа ягон шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва ё осеб надид,
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз сафорати ҷумҳурӣ дар Русия хабар доданд.
"Миёни фавтидагон ва ҷароҳатбардоштагон ягон шаҳрванди Тоҷикистон қарор надорад", - тавзеҳ дод манбаъ аз сафорат.
Тибқи маълумотҳои ахир, дар таркиши Махачқалъа 35 нафар кушта шудаанд, ки аз онҳо то ҳол 13 нафарашон шиносоӣ гардида, чораандешӣ барои муайян намудани ҳуввияти боқимондаҳо идома дорад.
Феълан дар бемористонҳои Доғистон 47 ҷабрдида бистарӣ буда, 16 нафари дигар барои идомаи табобат аз тариқи ҳавопаймои Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия ба Маскав интиқол ёфтаанд.
Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба Путин
Кумитаи тафтишотӣ аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ барои ироаи хадамоти хатарнок барои ҳаёту саломатии инсон, ки боиси марги ду ва зиёда нафар шудааст, оғоз намудаст.
Тибқи фарзияи пешакӣ сабаби ин фоҷиа нигоҳдории ғайримеъёрии нерӯҳои кимиёвии оташбарангез мебошад.
Қаблан дар робита ба ин фоҷиа президенти Русия Владимир Путин ва раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори ҳамдардӣ карда буданд.