Чанд кӯдаки аз 1-сола боло дар Суғд зодномаи таваллуд надорад? – посухи масъулини САҲШ

Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд мегуяд, аз каммасъулиятии волидон даҳҳо кӯдак аз сабти санади таваллуд берун мондаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 авг – Sputnik. Дар вилояти Суғд беш аз 1,6 ҳазор атфоли синни аз 1 сола боло то кунун шаҳодатномаи таваллуд нагирифтаанд.
Дар ин бора масъулони Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Суғд дар нишасти матбуотӣ иттилоъ доданд.
Фараҳманд Нарзизода, мутахассиси САҲШ дар вилояти Суғд зимни шарҳи ин иттилоъ гуфт, ки баъзе волидон солҳо ба ин тараф дар гирифтани зодномаи (метрика) фарзандони худ фориғболӣ мекунанд.
Тибқи қонунгузорӣ гирифтани чунин санад то се моҳи баъди таваллуди кӯдак муқаррар шудааст. Муттасифона то ҳанӯз 1,6 ҳазор кӯдакони аз як сола боло аз сабти санади валодат берун мондаанд” – изҳор намуд, ӯ.
Прокурори Суғд омори ҷабрбиниву ҷинояткории занонро шарҳ дод
Масъулони САҲШ гуфтанд, ки чунин мушкил умдатан дар шаҳру навоҳии Мастчоҳ, Панҷакент ва Хуҷанд ҷой дорад.
Бар пояи маълумоти оморӣ, дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар шаҳру навоҳии Суғд таваллуди 25,8 ҳазор кӯдак ба кайд гирифта шудааст.
Тибқи қонунгузорӣ волидоне, ки барои саривақт гирифтани санади таваллуди фарзандонашон бемасъулиятӣ зоҳир мекунанд нисбати онҳо ҷарима дар ҳаҷми 3 - 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо татбиқ хоҳад шуд.