Бекоршавии беш аз 200 қарори раисони Суғд вобаста замин: шарҳи прокурор

Бо сабаби номутобиқ будан ба талаботи меъёри қонунгузорӣ даҳҳо қарорҳои раисони шаҳу ноҳияҳои Суғд оид ба тақсими замин бекор карда шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 авг – Sputnik. Прокурори вилояти Суғд, Фурқат Файзалӣ, дар ин бора дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ӯ афзуд, дар пайи эътирозҳои прокурорӣ давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар умум 203 адад қарорҳои раисони Суғд, ки ба меъёри қонунгузорӣ муғойират доштанд, лағв гардидаанд.
Прокурор дар шарҳи ин хабар феҳристи бекоршавии қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳоро зикр кард, ки чунин будааст:
Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 31 қарор
Деваштич 25 қарор
Ҷаббор Расулов 18
Истаравшан 17
Конибодом 15
Мастчоҳ 15
Панҷакент 14
Ашт 14
Хуҷанд 11
Исфара 10
Спитамен 10
Зафаробод 9
Айнӣ 9
Шаҳристон 4
Истиқлол 1
Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби ин ниҳод 166 парвандаи ҷиноӣ вобаста ба ҳолати истифодаи замин оғоз карда шуда, шуморе аз ин теъдод вобаста ба худсарона ишғол намудани замин ва сохтмони ғайриқонунӣ будааст.
Манбаъ меафзояд, ки дар ин давра 5, 5 ҳазор га замини бо роҳи худсарона ишғолгардида ва ё ғайриқонунӣ мавриди истифода қарор дошта ба ҳолати аввала баргардонида шудааст.