Таркиши маргбор дар Махачқалъа: видео ва тафсилот

Ҳодисаи изтирорӣ, ки шомгоҳи 14 август дар Махачқалъа рух дод, дар пайи он 27 нафар, аз ҷумла се кӯдак ба ҳалокат расидаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Дар пойтахти Доғистон шоми душанбеи 14 август фоҷиа рух дод.
Соатҳои 21:45 ба вақти маҳаллӣ дар канори биное дар Маҳачқалъа як мошини хидматрасонӣ дар шоҳроҳ дар чорроҳаи кӯчаи Кулинская ва шоҳроҳи федералӣ оташ гирифт.
Дере нагузашта сӯхтор ба нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, ки дар наздикии он воқеъ буд, паҳн шуд.
Баъди ин таркиши сахт ба амал омад. Сӯхтор босуръат паҳн шуда, майдони 500 метри мураббаъро фаро гирифт.
Баъдан маълум шуд, ки сӯхтор дар биное рух додааст, ки дар он ҷо корҳои таъмири мошинҳо анҷом дода мешуданд.
Кормандони Вазорати ҳолатҳои изтирории Доғистон ва чанд дастаҳои оташнишонӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир шудаанд.
Масоҳати сӯхтор, ки хомӯш карда шудааст, 600 метри мураббаъро ташкил додааст. Дар маҷмуъ дар ҷои ҳодиса беш аз 100 нафар мутахассисон кор кардаанд.
Чанде пас аз таркиш вазорати тандурустии ҷумҳурӣ дар бораи кушта шудани 12 нафар ва захмӣ шудани 56 нафар хабар дод, аммо то субҳ ин рақам ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфт.
Тибқи маълумоти ахир, шумори қурбониёни таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Махачқалъа 27 нафарро ташкил додааст, хабар медиҳад РИА "Новости" бо истинод ба Маркази тибби Доғистон оид ба офатҳои табиӣ.
"Дар ҳоли ҳозир 27 нафар ҷон додаанд", — гуфт манбаъи оҷонсӣ.
Вай қайд кард, ки дар миёни онҳо се кӯдак низ ҳастанд.
Вазорати ҳолатҳои фавқулодда теъдоди зарардидагонро ба 102 нафар арзёбӣ мекунад.
Дар бемористонҳои Махачқалъа 66 нафар осебдида бистариянд, ки вазъи 10 нафари онҳо вазнин аст.
Дузах дар рӯи замин: пас аз сӯхтори ҷангалҳо дар Ҳавайӣ чӣ мешавад – видео
Субҳи рӯзи сешанбе, 15 август, дар ҷои ҳодиса харобаҳо ва ҷустуҷӯи қурбониён идома дорад, кинологҳо ба кор ҷалб шудаанд.
Муовини аввали вазири тандурустии Русия Виктор Фисенко барои ҳамоҳангсозии ташкили кӯмак ба осебдидагон дар маҳал ба Доғистон рафт.
Дар сурати зарурат онҳоро ҳайати махсуси вазорати ҳолатҳои изтирорӣ ба бемористонҳои Маскав мефиристанд.
Сарвари Доғистон Сергей Меликов ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣ намуда, 15 августро дар ҷумҳурӣ рӯзи мотам эълон кард.