Шарҳи Муҳриддин дар бораи пайвастшавии Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни шарҳи масъалаи пайвастшавӣ ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё фаҳмонд, ки Душанбе ба кадом ҷанбаҳо таваҷҷуҳ мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Тоҷикистон барои қабули қарор дар бораи пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таҷрибаи кишварҳои дигарро меомӯзад.
Ин нуктаро вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар посух ба суоли хабарнигори Sputnik Тоҷикистон баён дошт.
Таъкид шуд, ки Тоҷикистон ба омӯзиши таҷрибаю шароити пайвастани Арманистон ва Қирғизистон ба ин созмон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад.
"Зеро ки ин кишварҳо бо Тоҷикистон нишондиҳандаҳои иқтисодии шабеҳ доранд", - шарҳ дод вазир.
Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин таъкид кард, ки мақомоти тоҷик то ҳол ҷанбаҳои мусбат ва манфии пайвастан ба ИИАО мавриди омӯзиш қарор дода истодаанд.
"Тасмими шомил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳадди аксар ҳазмшудаю омӯхта хоҳад буд", - хулоса кард ӯ.
Қаблан мақомоти Тоҷикистон изҳор дошта буданд, ки кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, аз ҷумла Русия ва Қазоқистон аз шарикони асосии тиҷоратии кишвар мебошанд.
Рушди саноат дар Иттиҳоди АвруОсиё: Кӣ бештар пеш рафт?
Пештар сардори Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ Хуршед Каримзода зимни шарҳи масъала гуфт, дар яке аз бандҳои шартномаи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё қайд карда шудааст, ки амалиёти воридоту содироти байни кишварҳои узви Иттиҳод аз пардохти боҷи содиротӣ озод карда мешавад.
Лекин қисмати зиёди буҷети Тоҷикистон аз ҳисоби маблағи боҷи содиротӣ пур мешавад ва аз даст додани ин сарчашма мувофиқи мақсад ба назар намерасад, гуфт Каримзода.
Маврид ба зикр аст, ки узвият дар созмони Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳаракати озоди сармоя, коло ва нерӯи корӣ миёни кишварҳои узвро таъмин мекунад, ки коршиносон онро барои Тоҷикистон, махсусан барои муҳоҷирони меҳнатӣ муфид арзёбӣ мекунанд.