Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба Путин

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар пайи таркиши пурқурбонӣ дар маркази Доғистон - шаҳри Махачқалъа ба президенти Русия паёми таслият ирсол кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Ба ҳалокат расидани одамони зиёд бар асари таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Махачқалъаи ҷумҳурии Доғистон боиси андӯҳи амиқи мо гашт, изҳор дошт раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ин нуктаро дар барқияи тасаллӣ ба президенти Русия, Владимир Путин баён доштаст.
"Хоҳишмандам таъзияву таслияти самимии ин ҷонибро ба пайвандону наздикони фавтидагон бирасонед. Ба ҳамаи осебдидагон шифои оҷил хоҳонам", - таъкид намудаст Раҳмон.
Таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Махачқалъа шоми 14 август рух дод, ки дар натиҷа ба иттилои мақомоти изтирорию тандурустӣ 35 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Вазорати тандурустии Русия иттилоъ дод, ки феълан 63 нафари дигар, аз ҷумла 16 кӯдак дар беморхона бистарӣ мебошанд. Гуфта мешавад, маҷруҳоне, ки ҳолашон вазнин арзёбӣ мегардад, ба табобатхонаҳои Маскав интиқол дода мешаванд.
Таркиши маргбор дар Махачқалъа: видео ва тафсилот
Мақомоти тандурустии Русия теъдоди онҳоеро, ки ҳолашон вазнин асту эҳтимол ба пойтахт интиқол меёбанд, 11 нафар гуфтанд.
Дар робита ба ин фоҷиаи пурқурбонӣ, раисҷумҳури Русия, Владимир Путин ба ҷабрдидаҳо изҳори ҳамдардӣ намуд. Дар Доғистон рӯзи мотам эълон шудааст.