Талоши ширкати "Азия групп компани"-и Русия барои истеҳсолу коркарди ванадий дар Суғд

Ҳукумати Суғд мегӯяд, ки корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон” ва ширкати "Азия групп компани" ҳамкориро ба роҳ мондаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 авг – Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбари ширкати "Азия групп компани" Филип Федотов, инчунин - мутахассисони варзида аз Русия Алексий Лубинский, Денис Попов, Светлана Новикова дидору мулоқот кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот масъалаи таҳкими ҳамкорӣ миёни​ Корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон” ва​ ширкати "Азия групп компани" мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Соҳибкорони Русия дар МОИ Суғд бо харҷи $500 ҳаз. корхонаи нав сохтанд
Дар ин мулоқот таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд​ дорои захираҳои бойи маъданиву ғайримаъданӣ, аз қабили металлҳои сиёҳу ранга ва қиматбаҳо буда, саноати​ истихроҷ ва коркард рушд кардааст.

“Бо ҷалби сармоя метавон захираҳои мавҷударо истифода бурд ва дар ин раванд тарҳҳои навро амалӣ сохт”,- гуфт Раҷаббой Аҳмадзода.

Таъкид шудааст, ки КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” ва ширкати "Азия групп компани" ҳамкориро ба роҳ монда, дар самти истеҳсолу коркарди​ ванадий натиҷаҳои хуб ба даст меоранд.
Бо назардошти ин, дастур дода шуд, ки бо истифода аз имкониятҳои ҳаҷми истеҳсол зиёд карда шавад.
Зикр гардидааст, ки ҷониби Русия натиҷаи кори шарикиро мусбат арзёбӣ намуд.
Мулоқоти ҷонибҳо бо баррасии дурнамои ҳамкорӣ ба анҷом расид.