Ҳамлаи террористии такрорӣ дар оромгоҳи Шоҳчароғ дар Эрон

Эрон қасд дорад созмондиҳандагони ҳамлаи террористӣ дар оромгоҳи Шоҳчароғи вилояти Форсро пайдо ва муҷозот кунад ва барои ҳифзи оромии ҷомеа чораҳо андешад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Дар оромгоҳи машҳури бостонии Шоҳчароғ дар Шерози Эрон ҳамлаи террористӣ анҷом шуд. Ин дуввумин ҳолат муддати як сол аст.
Ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, ҳамла аз ҷониби ду нафар ҷангҷӯ сар зада онҳо бо ворид шудан ба дохили макони муқаддас ба сӯйи ҳозирин тир холӣ карданд.
Ҳамин тавр, дар натиҷаи ҳамла як нафар кушта, ҳашт нафари дигар захмӣ шуданд.
Раисиҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ дар пайи ин ҳолат дастур дод, ки омилони ҳамла ба оромгоҳи Шоҳчароғ дар шаҳри Шерози вилояти Форс дар ҷанубу ғарби кишвар ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Дар робита ба ҳамлаи террористӣ Раисӣ ба раҳбари Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Аҳмад Воҳидӣ занг зада, дастур додааст, ки шароити ҳодисаро таҳқиқ кунад ва омилони онро пайдо намоянд.
Раисиҷумҳури Эрон ҳамчунин дар тамоси телефонӣ бо волии Форс Муҳаммад Ҳодӣ Имония хостааст, ки ба осебдидагон муолиҷаи дуруст кунанд.
Илова бар ин, раҳбари кишвар ба наздикони қурбониён изҳори ҳамдардӣ кардааст.
Қаблан вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Аҳмад Воҳидӣ дастур дода буд, ки ҳолатҳои ҳодиса тафтиш карда шавад. Вай таъкид кард, ки барои ҳифзи оромии ҷомеа бояд тамоми чораҳо андешида шаванд.
Террори даҳшатбор дар макони муқаддас: аксҳои пас аз ҳамла ба оромгоҳ дар Эрон
Ёдовар мешавем, ки ин дуввумин ҳамла ба ин оромгоҳ аст.Бори аввал моҳи октябри соли 2022 ба Шабчароғ ҳамла сурат гирифта буд, ки дар пай 15 қурбонӣ ва 40 захмӣ дошт.