Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Нерӯҳои ҳавоӣ-дифоии Русия дар як рӯз 25 паҳподи украиниро сарнагун карданд

Вазорати дифои Русия иддао дорад, ки дар як шабонарӯзи ахира 25 паҳподи низомӣ ва ҳашт мушаки системи HIMARS-ро нобуд карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Системаҳои ҳаво дифои Русия дар як рӯзи ахир 25 паҳподи нерӯҳои украинӣ ва 8 мушаки системи HIMARS MLRS-ро сарнугун карданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати дифои Русия.
"Системаҳои дифоъ ҳавоӣ дар давоми рӯз ҳашт мушаки системаи мушакии чандгонаи HIMARS-ро нобуд карданд", - гуфта мешавад дар гузориш вазорати дифоъ.
Илова бар ин, дар давоми рӯз нерӯҳои ҳавоӣ-дифоии Русия 25 паҳподи украиниро дар ҶМД, ҶМЛ ва вилояти Запорожие сарнугун карданд.
Дар маҷмӯъ, аз оғози амалиёти вижа дар Украина 458 ҳавопаймои низомии Украина, 246 чархбол, 5708 паҳпод, 429 системаи зиддимушакии зидди ҳавоӣ, 11274 танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, 1144 мошини ҷангии як қатор системаҳои ракетӣ, инчунин - 12207 адад мошинҳои махсуси ҳарбиро нобуд кардаанд.
Вазорати дифои Русия аз ҳамлаи нобарори Украина ба пули Қрим хабар дод - видео
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар қаламрави Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таҳқиру генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Илова бар ин, ҳадафҳои амалиёти вижаи низомӣ, инчунин, нозизудоӣ ва ғайринизомӣ сохтани Украина буд.