ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Дар моҳҳои январ-июни соли равон истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) дар ҳамаи бахшҳо нисбат ба моҳҳои январ-июни соли гузашта 2,9% афзуд.
Дар ин бора Комиссия иқтисодии АвруОсиё дар гузориши худ хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, афзоиш дар тамоми давлатҳои ИИАО мушоҳида шудааст.
“Аз чумла, истехсоли махсулоти асосии чорво аз ҷумла гӯшти чорво ва парранда 2,6%, шир 3,4 %, тухм 1,7 % фоиз зиёд шудааст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мақомоти Тоҷикистон хабар дод, ки дар шаш моҳи соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар кишвар афзоиш ёфт.
Гуфта мешавад, ки афзоиши нишондиҳандаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 7,9%-ро ташкил додааст.
Ба гуфтаи ин ниҳод, ҳаҷми ҳосили меваҷот “нисбат ба соли гузашта ду баробар бештар аст”.
Илова бар ин, вазорати кишоварзӣ таъкид кард, ки истеҳсоли тамоми намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ аз 1 то 10,2 фоиз афзуд. Аммо картошка, ангур, тухм ва асал истисно буданд, ки ҳосилнокии он аз 0,3 то 4,1 фоиз кам шуд.