Чаро дар Суғд мошини ёрии таъҷилӣ намерасад?: Посухи мансабдорон

Раёсати тандурустии вилояти Суғд мегӯяд, ки шаҳру навоҳии вилояти Суғд аз камбуди мошинҳои ёрии таъҷилии тиббӣ танқисӣ мекашанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд мушкилоти норасоии мошинҳои ёрии таъҷилии тиббӣ ҷой дорад.
Дар ин бора сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Ҳабибулло Хайруллозода, дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Вай гуфт, ки шаҳру навоҳии вилоят аз норасоии мошини ёрии таъҷилии тиббӣ танқисӣ мекашанд.
“Аз рӯи меъёр ба 10 ҳазор аҳолӣ 1 адад мошини ёрии таъҷилӣ хизмат мерасонад. Ба ин тартиб ҳоло дар вилоят 148 адад мошинҳои ёрии таъҷилӣ намерасанд” – таъкид кард, Сардори Раёсати тандурустӣ.
Бино ба иттилоъи манбаъ умдатан деҳоти дурдасти Суғд мушкили норасоии нақлиёти таъҷилии тиббӣ доранд.
Бунёди 124 муассисаи тандурустӣ ва тақдими 115 мошини ёрии таъҷилӣ дар Тоҷикистон
Ин дар ҳолест, ки чанде пеш дар Сарраёсати молияи вилояти Суғд дар шарҳи нақшаи қисми хароҷоти буҷет ба соҳаҳои иқтимоиёту иқтисодиёти вилоят гуфтанд, ки давоми шаш моҳи соли ҷорӣ, барои нигоҳдории соҳаи тандурустӣ аз буҷаи вилоят 287, 7 млн. сомонӣ равона шудааст.
Чанд сол қабл як ширкати тиббӣ барои аввалин бор хизматрасонии мошинҳои ёрии таъҷилии хусусиро дар Хуҷанд роҳандозӣ кард, аммо муваффақ нашуд.