ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Тоҷикистон истеҳсоли доруи худиро афзоиш додааст, аммо дар баробари ин воридот низ зиёд шудааст.
Дар ҷумҳурӣ дар шаш моҳи соли равон 57 корхонаи ватанӣ 560 намуд ва 320 номгӯй дору ва молҳои тиббӣ истеҳсол намудаанд.
Дар ин бора вазири тандурустии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода зимни нишасти хабарияш изҳор дошта гуфт, ки дар қиболи соли қаблӣ чаҳор корхона, 40 намуд ва 12 номгӯй дору ва молҳои тиббӣ зиёд мебошад шудааст.
Дар умумарзиши кулли молҳои тиббии истеҳсолшуда ба 40 миллион доллар баробар будааст.
Таъкид шуд, ки давоми соли гузашта барои машғул шудан ба фаъолияти фарматсевтӣ 112 иҷозатнома дода шуд.
Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон, тайи нимсолаи аввал ба ҷумҳурӣ ба маблағи 50,2 млн доллари амрикоӣ дору ва молҳои тиббӣ ворид карда шудаст.
Ҳамзамон таъкид шудаст, ки содироти маводи тиббӣ аз Тоҷикистон ҳам ҷой доштаст.
Ба гуфтаи вазир, дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 6,5 миллион сомонӣ маводи фаъоли биологӣ ва ба маблағи беш аз 434 ҳазор сомонӣ 8 номгӯй дору содирот гардид.
Қаблан Хадамоти гумруки кишвар иттилоъ дода буд, ки давоми моҳҳои январ - июни соли равон ба Тоҷикистон маводи доруворӣ аз зиёда аз 50 кишвари хориҷи дуру наздик ворид карда шудааст.
Ба иттилои мақомоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, воридоти доруворӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2 ҳазор тонна ва ё ба 35% зиёд мебошад.