ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Дар Тоҷикистон тахмин меравад соли ҷорӣ низ маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ шавад
Ба гуфтаи сардори Раёсати маркази диспечерӣ “Барқи тоҷик” Тоҳиров Дӯстмурод ҳамасола дар давраи тирамоҳ зимистон норасоии байни истеҳсолу истеъмоли нерӯи барқ вуҷуд дорад ва ин вобаста аз вазъи боду ҳаво ва резиши об дар мавҷрои Вахш аст.
“Агар дар маҷрои Вахш резиш аз ҳадди миёнаи бисёрсола зиёд ворид гардад, нотавозунӣ камтар мегардад”, - афзуд манбаъ.
Тоиров гуфт, ки ягона обанборе ки характери мавсимӣ дорад - ин НБО “Норак” аст ва он ҳаҷман тағйир наёфтааст, тибқи ҳисоботҳои пешакӣ норасоии нерӯи барқ дар давраи тирамоҳу зимистон нотавозунӣ вуҷуд дорад.
Ба гузориши ширкати "Барқи тоҷик" дар нимсолаи якуми соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар маҷмӯъ, бо дарназардошти дигар истеҳсолкунандагони мустақил, 10 млрд. 653,3 млн. кВт. соатро ташкил дод.
Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 341,2 млн. кВт. соат зиёд гардида, суръати афзоиш дар сатҳи 103,3% таъмин карда шудааст.
Аз ҷумла, истеҳсоли неруи барқ дар нерӯгоҳҳои ҶСК "Барқи Тоҷик" – 7 млрд.868,6 млн. кВт. соат, дар НБО-и "Сангтӯда-1" – 1 млрд. 385,5 млн, дар НБО-и "Сангтӯда-2" – 435,5 млн ва дар НБО-и "Роғун" – 963,7 млн.кВт.соатро ташкил додааст.
Дар ин давра талафоти неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ вамаркзҳои барқу гармидиҳии ҶСК "Барқи Тоҷик" дар маҷмуъ 38,8 млн. кВт. коат, ё ин ки 0,49%-и барқи истеҳсолшударо ташкил додааст.