“Барқи тоҷик” гуфт, чаро новобаста аз лимит барқ содир мекунад

Тоҷикистон ҳаҷми содироти нерӯи барқ ба хориҷро пурра қатъ намекунад зеро, ба гуфтаи мақомот, сабабҳои хосе дар ин самт вуҷуд дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Ду иллати асосии содир шудани барқ ба хориҷ мавҷуд аст, гуфт намояндаи ширкати “Барқи тоҷик” дар нишасти хабарӣ, гузориш медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Яке аз даст надодани бозор ва дуввуми нигоҳ доштани таҷҳизотҳои барқрасон унвон шудааст.
Гуфта шуд, харидорони асосии барқи Тоҷикистон ин ҷумҳуриҳои Афғонистону Ӯзбекистон мебошанд, ки ба аввалӣ дар як шабонарӯз 9,5 млн ва ба охирон 6 - 6,5 млн квт/соат барқ содирот мешавад.
Гуфта шуд, ки ин рақам дар фасли зимистон ба маротиб коҳиш дода шуда, ҳамагӣ ҳудуди 30-40 мгвт/соат барқ интиқол меёбад.
Дар Тоҷикистон имсол ҳам лимити барқ ҷорӣ мешавад?
Тибқи иттилои ин ниҳод, ҳаҷми содироти неруи барқ ​​ба хориҷи ҷумҳурӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 дар ҳаҷми 85,3 млн. кВт. соат кам шудааст.
Ҷумҳурӣ дар умум зарфи шаш моҳ 971,2 млн. кВт. барқи содиротӣ доштааст.
Қаблан вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Дарлер Ҷумъа, арзиши барқи содиркардаи Тоҷикистон ба хориҷаро 383 млн сомонӣ арзёбӣ карда буд.
Дар ин давра ба Афғонистон дар ҳаҷми 682,0 млн. кВт. соат ва ба Ӯзбекистон дар ҳаҷми 288,9 млн. кВт.соат содирот шудааст.
Таъкид шуд, ки содироти нерӯи барқ ба ширкати "Брешно" (Афғонистон) тавассути ду хатти барқии 220 квт ва як хати барқии 110 квт амалӣ гардида истодааст.
"Ба Ӯбекистон дар фасли серобӣ тибқи нақша ҳамасола содироти неруи барқ тариқи ду хатти 500 квт ва ду хатти барқии 220 квт ба роҳ монда мешавад. Ин ҳам бошад то моҳҳои сентябр давом мекунад", - гуфтанд масъулини "Барқи тоҷик".