Коҳиши фавти занон ҳангоми таваллуд дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон эълон кард, ки аз тариқи боло бардоштани сатҳи накӯаҳволию хадамот фавти модару кӯдак дар кишвар коҳиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар давоми 6 моҳи аввали солил равон 28 зан ҳангоми таваллуд фавтидаанд.
Дар ин бора вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Ҷамолиддин Абдуллозода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, афзуд, ки фавти модарон ҳангоми таваллуд дар ҷумҳурӣ кам шудааст.
Вазир далел овард, ки дар шаш моҳи аввали соли гузашта 30 зан ҳангоми таваллуд фавтиданд.
Вазири тандурустӣ гуфт, дар кишвар чанд зану кӯдак ба ВНМО гирифторанд
Абдуллозода иллати фавти занон ҳангоми зоишро шарҳ надод, аммо дар гузашта шикоятҳо аз хадамоти пасти таваллудхонаҳо дар ҷумҳурӣ зиёд садо медоданд.
Вазири тандурустӣ мегӯяд, шароити таваллудхонаҳоро дар ҷумҳурӣ беҳбуд бахшидаанд.
Ахирин мақомоти Тоҷикистон ҳамчунин ба СММ гузориш доданд, ки сатҳи накӯаҳволии мардум дар ҷумҳурӣ боло рафта, фавти модару кӯдак коҳиш ёфтааст.
Аз ҷумла вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Завқӣ Завқизода, таъкид намуд, ки сатҳи камбизоатӣ дар кишвар поин рафта, ҳамчунин дар 5 соли охир фавти модарон ва кӯдакон мутаносибан 70% ва 36% коҳиш ёфтааст.