ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Вазири адлияи Тоҷикистон, Музаффари Ашӯриён дар бораи шеваи сабти иттиҳодияи зардуштиҳо, ки Абдуқодир Талбаков нияти ташкили онро дорад, маслиҳат дод.
Ашӯриён зимни нишасти матбуотӣ гуфт, агар иттиҳодияе, ки Талбаков нияти сабти онро дорад, хусусияти динӣ надошта бошад, бояд ба мақомоти адлия муроҷиат кунад.
"Агар ташкилоташ хусусияти динӣ дошта бошад, бояд ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо муроҷиат кунад", - изҳор дошт вазир.
Ин маслиҳати Ашӯриён дар ҳолест, ки ахиран раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон, Сулаймон Давлатзода гуфт, тибқи меъёрҳои қонунгузорӣ, барои ташкили як иттиҳодия ё ҷамоаи динӣ бояд даҳ пайрави ин ё он дину мазҳаб ба таври хаттӣ ба Кумитаи дин муроҷиат кунанд.
Давлатзода изҳор дошт, ки Талбаков дар мавриди расмиёти сабт, бо ҳуқуқшиноси Кумитаи дин суҳбат дошт, аммо дигар муроҷиат накардаст.
Абдулқодир Талбаков, як рӯзноманигор ва фаъоли мадании тоҷик, қаблан бо гаравиданаш ба дини зардуштӣ ва тағйири номаш ба Зардушти Ориёмеҳр дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садои зиёдеро барпо кард ва иддао намуд, ки ҳам зардуштияро сабти ном ва дар Тоҷикистон эҳё хоҳад кард ва ҳам номи аслиашро тағйир хоҳад дод.
Аммо ахиран ӯ бо пахши як навори видеоӣ эълон кард, ки дар ниҳодҳои вазорати адлия дархости ӯ дар бораи тағйири номро рад кардаанд ва ҳатто мулоқот бо худи вазири адлия Музаффари Ашӯриён низ мушкили ӯро ҳал накардааст.