Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Талафоти Украина дар минтақаи амалиёти вижа маълум шуд

Вазорати дифои Русия теъдоди талафоти нерӯҳои украинӣ дар 2 минтақаи амалиёти вижа - Херсон ва Запорожеро дар як шабонарӯз 160 нафар ҳисоб кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 август — Sputnik. Талафоти нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар як шабонарӯз дар самти Запороже 110 нафарро ташкил дод, иттилоъ дод вазорати дифои Русия.
Ба иттилои манбаъ, нерӯҳои Русия дар самти Запорожее амалиёти пешгирикунанда гузаронда ба минтақаи нерӯҳои украинӣ зарба заданд.
"Бар асари зарбаҳои ҳавоӣ ва оташфишонии тӯпхонаҳо дар минтақаҳои Загорное, Орехов, Малая Токмачка ва Новоселивкаи вилояти Запороже ба воҳидҳои низомии украинӣ талафот ворид гардид", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудаст, ки дар ин самт Украина тайи як рӯз то 110 низомӣ, як танк, панҷ мошини зиреҳпӯш, се худрав, як тӯпхонаи худгард, тӯпхонаи Мста-Б, низоми тӯпхонаи М777, гаубитсаи FH-70-ро аз даст дод.
"Мо зид": Сиёсатмадори олмонӣ дар бораи интиқоли силоҳ ба Украина
Манбаъ афзуд, ки воҳидҳои низомии Русия дар самти Херсон дар як рӯзи гузашта то 50 низомии украинӣ, ду мошин ва се гаубитсаи D-20-ро нобуд карданд.
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар қаламрави Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таҳқиру генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Илова бар ин, ҳадафҳои амалиёти вижаи низомӣ инчунин нозизудоӣ ва ғайринизомӣ сохтани Украина буд.