ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Сел дар ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ ба хонаи сокинон ва роҳу заминҳои кишоварзӣ хисорот ворид намуд.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, сел дар деҳаи Мадми ҷамоати деҳоти Урметан дар соати 23:50 дақиқа ба вақти маҳаллӣ фаромад.
"Дар натиҷа 4 бинои истиқоматӣ, 4 бинои ёрирасон, 300 метр роҳи деҳот, заминҳои кишоварзӣ ва ҷӯйборҳои обёрӣ қисман хароб гардиданд", - иттилоъ дод ин ниҳод.
Таъкид шудааст, ки офати табиӣ дар пай талафоти ҷонӣ надошт ва ҳоло корҳои тозакунӣ идома доранд.
Инчунин, сели харобиовари дигар дар масири шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Лахш ба қайд гирифта шудааст, ки ҳаракат дар ин масирро масдуд кард.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон афзуд, ки сел соати 00:40 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар километри 250 - уми ин шоҳроҳ фаромада, роҳро барои ҳаракати ҳамагуна нақлиёт баст.
Манбаъ афзуд, ҳоло гурӯҳи корӣ иборат аз мутахассисони вазорату идораҳо дар ҷойи ҳодиса қарор доранд ва поксозии роҳ аз сангу селоба идома дорад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор додааст, ки хатари фаромадани селу обхезӣ рӯзҳои 8-9 август дар Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд.