ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Рӯзҳои 8-9 август дар Тоҷикистон хатарнок хоҳанд шуд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо такя ба Оҷонсии обуҳавошиносии кишвар.
Бар хабари манбаъ, давоми ин ду рӯз дар як қатор ноҳияҳои вилояти Суғд, навоҳии тобеи марказ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшономадани селҳо пешгӯӣ мешавад.
Манбаъ меафзояд, селҳо бинобар об шудани пиряхҳо сарозер мешаванд.
Зимнан, ин ниҳод аз сокинону меҳмонон даъват намудааст, ки чораҳои эқтиётиву бехатариро ҷиддан риоя кунанд.
Кумита аз ҷумла аз сокинон хост, селроҳаҳо, ҷӯву каналҳо сари вақт аз ҳар гуна хасу хошок ва сангу рег тоза карда шаванд, то сел роҳи озоди бурунрафт дошта бошад.
Илова бар ин, манбаъ рафтан ба шикору моҳигиирӣ ва ҷамъоварии ҳезуму растаниҳои дорувориро тавсия намедиҳад.
Зимнан, аз ронандагон риояи қатъии қоидаҳои бехатарӣ дар роҳ тақозо гардидааст.
Охирин ҳодисаи селфароӣ дар деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ рух дод, ки барои мардуми маҳаллӣ зарари зиёд овард.
Бар асари ин офати табиӣ хушбахтона талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуд, вале манзилу иншоотҳои гуногун ва роҳи мошингарду пиёдагузар зарари зиёд диданд.
Сел ҳанӯз 31 июл фаромада буд, вале бартарафсозии оқибатҳои он ҳанӯз ҳам идома доранд.
Бо супориши роҳбари давлат, сокиноне, ки бар асари селфароӣ бе хонаву дар монданд, бояд дар зудтарин фурсат бо манзилу тамоми лавозимоти зарурии рӯзгор таъмин карда шаванд.