ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар даврони соҳибистиқлолӣ бори аввал 18 аттестати аълоро соҳиб шуданд,ки дар сатҳи ҷумҳурӣ 52,8 фоизи аттестатҳои додашударо ташкил медиҳад.
Дар ин бора раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар додааст.
“Онҳо ифтихор хурду бузурги вилояти Хатлон буда, барои насли наврас намунаи иборатанд. Бо чунин наврасони тилло ояндаи духрахшон хоҳем сохт!”, - таъкид кардааст манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Ғазалшоҳ Сафарзода, мудири шуъбаи маорифи вилояти Хатлон зимни нишасти хабарӣ гуфт “Яке аз мушкилоти умдаи соҳаи маориф дар вилояти Хатлон ҳамасола афзоиши шумори хонандагон аст".
Ҳамин тариқ, дар соли таҳсили 2022-2023 теъдоди муҳассилин дар шаҳру навоҳии Хатлон беш аз 27 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.
Барои ҳалли ин мушкил ба гуфтаи ӯ, ҳар сол камаш 100 муассисаи таълимӣ сохтан лозим аст.
Вай таъкид кард, ки дар солҳои 2022-2023 дар вилоят 85 иншооти таълимӣ сохта ба истифода дода шуда, беш аз 13 ҳазор хонандагон дар як баст дар онҳо таҳсил хоҳанд кард.
Сохтмони боз кариб 300 мактаби дигар низ давом дорад.
Гуфта мешавад, соли таҳсили гузашта дар вилояти Хатлон беш аз 1,3 ҳазор муассисаи таълимӣ фаъолият дошт, ки дар онҳо беш аз 844 ҳазор нафар таҳсил мекарданд.