Шералӣ Кабир бартарияти зиреҳпӯшҳои тавлиди Тоҷикистон аз ҳамсояҳоро гуфт

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон амниятро самти афзалиятнок хонда, афзуд, ки доштани саноати мудофиавӣ барои кишвари мустақил муҳим мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Дар самти ташкилу рушди саноати мудофиавии Тоҷикистон раёсати махсус дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ фаъолият дорад.
Дар ин бора вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, Шералӣ Кабир зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, масъулини бахш муваззафанд, ки барои Тоҷикистон - як кишвари мустақил саноати мудофаии худиро ташкилу рушд диҳанд.
Аз қатъи муносиботи ғайриоинномавӣ то қочоқу терроризм: Раҳмон ба марзбонҳо чӣ гуфт
Рёсати махсус дар ин самт чораандешӣ дорад, афзуд ӯ. Ба гуфтаи Шералӣ Кабир зиреҳпӯшҳое, ки ахиран тавлидашон дар Тоҷикистон роҳандозӣ гардид, бо технологияи муосири канадагӣ тавлид мешаванд.
Ӯ изҳор дошт, ки чунин тавлидот дар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ӯзбекистону Қазоқистон низ ҷой дорад ва зиреҳпӯшҳои тоҷикистонӣ аз онҳо камие надорад.
"Зиреҳпӯшҳои тоҷикистонӣ аз зиреҳпӯшҳое, дар кишварҳои ҳамсоя насб мешаванд, на камӣ, балки аз баъзе ҷиҳатҳо ҳатто бартарӣ доранд", - илова намуд Шералӣ Кабир.
Вай дар шарҳи бартарияти зиреҳпӯшҳои Тоҷикистон гуфт, асосӣ дар ин навъи мошинҳо қисмати чархҳояшон мебошанд ва метали истифодашаванда дар кишвар бархе бартариятҳо дорад.
Қаблан хабар дода шуд, ки президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода корхонаи "Сипар гурӯҳ" - ро ба истифода дод, ки ба ҷамъу васлсозии мошинҳои махсуси ҳарбӣ ва гражданӣ равона гардидааст.
Дафтари матбуоти президент гуфт, ҷамъу васли 17 намуд нақлиёти махсус ба роҳ монда шудааст ва оянда ин нишондод афзоиш дода мешавад.