Дар Хатлон мутобиқшавии хонандагони синфи якум ба муҳити муассисаи таълимӣ оғоз шуд

Тибқи Фармоиши вазири маориф ва илми кишвар мутобиқшавии хонандагони синфи якум ба муҳити муассисаи таълимӣ дар вилояти Хатлон оғоз гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 авг – Sputnik. Ба иттилои Раёсати маорифи вилояти Хатлон, мутобиқшавии хонандагони синфи якум ба муҳити муассисаи таълимӣ оғоз шуд.
Дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми кишвар ба ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, хонандагони синфи якум омада, бо омӯзгорону синфхона ва дар умум бо муассисаи таълимӣ шиносоӣ пайдо намуданд.
Ҳамзамон манбаъ иттилоъ додааст, ки фарогирии хонандагони синфи якум дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ мувофиқи матлаб буда, волидон дар қабул ва иштироки хонандагон дар мактаб ҳузур доштанд.
“Дар шаҳри Бохтар ва дигар навоҳии вилоят низ кӯдакон бо табъиз болида ва чеҳраи хандон барои мутобиқшавӣ ба даргоҳи илму маърифат ташриф оварданд”, - таъкид кардааст манбаъ.
Вилояти Суғд норасоии кадрҳоро дар мактабҳо қариб бартараф кардааст
Ёдовар мешавем, ки тибқи Фармоиши мазкур аз 7-ум то 18-уми август идома меёбад, ки дар умум 10 рӯзро дар бар дорад.
Баҳри назорат гурӯҳи кории Раёсати маорифи вилояти Хатлон ташкил гардида, дар шаҳру ноҳияҳо корбарию фаъолият дорад.