Тафсилоти болоравии нафақа: Чанд буду чанд шуд?

Аз миёни қариб 769 ҳазор нафақагир дар Тоҷикистон, ҳаҷми нафақаи зиёда аз 748,3 ҳазор нафарашон бозҳисобӣ шуда, боло бурда шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Роҳбарияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон тафсилоти болоравии ҳаҷми нафақа бо фармони раисҷумҳурро тавзеҳ дода, фаҳмонд, ки аз кӣ чӣ қадар боло рафтааст.
Ба иттилои ниҳод, аз 1 июли соли равон нафақаи беш аз 748 ҳазор нафар бозҳисобӣ шудааст.
Дар феҳрасти онҳое, ки нафақаашон боло бурда шудааст, Агентӣ аз ҷумла наздики 309 ҳазор нафақагири меҳнатӣ, 251 ҳазор нафақагири суғуртавӣ ва беш аз 188 ҳазор нафақагири иҷтимоӣ ном бурдаст.
Теъдод ва пули нафақагирон дар Тоҷикистон маълум шуд
"Андозаи миёнаи нафақаҳои меҳнатӣ аз 397 сомонӣ ба 448 сомонӣ, андозаи миёнаи нафақаҳои суғуртави аз 312 сомонӣ ба 365 сомонӣ ва андозаи миёнаи нафақаҳои иҷтимоӣ аз 211 сомонӣ ба 271 сомонӣ баробар гардидааст", - изҳор дошт роҳбарият.
Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таъкид кард, ки аз моҳи июли соли равон нафақа бо назардошти зиёдшавии онҳо пардохт карда шуда, қарздорӣ дар ин самт вуҷуд надорад.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон фармон дод, аз 1 июли соли равон ба онҳое, ки нафақа дар асоси қонун "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" таъйин шудааст, ба андозаи 20% фоиз аз андозаи нафақаи заминавӣ боло бардошта шавад.
Тибқи ин дастур ҳамчунин нафақаи суғуртавӣ ба андозаи сатҳи таварруми ду соли охир ба андозаи 16% индексатсия карда шудаанд.