"Газпромнефт-Тоҷикистон" қариби 60%-и бензини кишварро ворид мекунад

Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон сегонаи бузургтарин воридкунандаҳои бензин ба ҷумҳуриро эълон кард, ки калонтаринаш "Газпромнефт" мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Ширкати "Газпромнефт-Тоҷикистон" 59%-и бензини воридотии ҷумҳуриро таъмин мекунад, ҳисоб кардааст Хадамоти зиддиинҳисории кишвар.
Ба иттилои ин ниҳод, дар пай "Газпромнефт-Тоҷикистон" Агентии захираҳои моддии давлатӣ ҷой гирифтаст, ки 7%-и бензини воридотӣ ба он рост меояд.
Ширкати "Сеганҷ" 4% ва 30%-и бензини воридотии боқимонда ба субъектҳои дигар рост меояд.
Шумори умумии воридкунандагони бензин дар давоми нимсолаи аввали соли равон 30 ададро ташкил додаст.
Русия беш аз 85%-и бозори сӯзишвории Тоҷикистонро таъмин мекунад
Дар маҷмуъ ба ҷумҳурӣ беш аз 174 ҳазор тонна ба маблағи қариб 100 млн доллар ворид шудаст.
Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд, воридоти бензин дар нимсола нисбати ҳамин давраи соли гузашта 28 ҳазор тонна афзоиш ёфтааст.
Нархи миёнаи воридотии як тонна бензин дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ 574 долларро ташкил менамояд, ки ин нишондиҳана дар муқоиса нисбати моҳи январ-июни соли гузашта 213 доллар камтар мебошад.
Дар моҳҳои январ-июни соли 2022 нархи миёнаи воридотии як тонна бензин 787 долларро ташкил медод.