Дар ҳоли ҳозир ба иттилои расонаҳо шумори кушташудагон 20 нафар расид, боз 27 нафари дигар бедарак шудаанд.
Пекин бо тобистонҳои муътадил ва хушки худ машҳур аст, аммо имсол боришоти ғайриоддӣ мушоҳида шудааст.
Боронҳо пойтахти сераҳолии ин кишварро хароб кардаанд.
Обу ҳавои номусоид мақомотро маҷбур кард, ки чораҳои фаврӣ андешанд.
Истгоҳҳи роҳи оҳану автобусҳо баста шуданд ва одамоне, ки дар минтақаҳои осебпазир зиндагӣ мекарданд, ба толорҳои варзишии мактабҳо интиқол дода шуданд.
Садҳо мошин ва хонаҳо зери об монданд, ҳамчунин роҳҳо тахриб шуданду даҳҳо нафар кушта шудаанд.
Дар ин мавсими тобистон дар шаҳр ҳарорати баланд мушоҳида мешавад, ки боришоти шадидро боз ҳам харобиовартар мекунад.
Ба ҷуз аз Пекин, дигар минтақаҳои шимоли Чин низ осеб диданд, ки ба чунин боришоти шадид рӯ ба рӯ нашуда буданд.